Дар Душанбе аз озмуни моҳи март эълоншудаи дарёфти стипендияи мақомоти шаҳрдории пойтахт миёни варзишгарони шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, бо қарори комиссияи махсус, дар номинатсияи «Стипендияи дараҷаи 1 аз рӯйи варзиши намудҳои олимпӣ» дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, чемпиони Осиё Анвар Юнусов ғолиб дониста шуда, мудатти панҷ моҳи минбаъда ба ӯ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ идрорпулӣ пардохта мешавад. Дар ин номинатсия мақоми дуюм ба касе сазовор дониста нашуда, ҷойи сеюм ва идрорпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ муддати панҷ моҳ ба дорандаи Ҷоми Осиё оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров таъин шуд.
Дар номинатсияи «Стипендияи дараҷаи 2 аз рӯйи варзиши намудҳои ғайриолимпӣ» ба мақоми аввал чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини кураш Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, чемпионҳои ҷаҳон оид ба самбо Акмалиддин Каримов ва Сулаймон Сулаймонов, чемпиони ҷаҳон оид ба каратэ-до Бадриддин Умедов, чемпионҳои ҷаҳон оид ба таэквон-до Далер Тюряев ва Сабина Тағойназарова, чемпиони Осиё оид ба яккаҳарбӣ Айёмиддин Муҳамадраҷаб ва чемпиони Осиё оид ба зӯрхона Саидмаҳмуд Замиров сазовор дониста шуданд. Онҳо муддати панҷ моҳ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ 700 сомонӣ идрорпулӣ хоҳанд гирифт.
Ғайр аз ин, бо қарори комиссия, барои дастовардҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ 8 нафар дар ҳаҷми 600 сомонӣ, 9 варзишгар – 500 сомонӣ ва боз 57 нафар варзишгарони дигари пойтахт бо 450 сомонӣ идрорпулӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар маҷмӯъ 84 нафар варзишгарон ба дарёфти стипендияи мақомоти шаҳрдории Душанбе нолил гардида, барои пардохти он аз буҷети шаҳр дар ҳаҷми 211 ҳазору 750 сомонӣ маблағ ҷудо шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста