Ахири ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорону тоҷирони ба воридоту фурӯши яхлухт ва чаканаи ғаллаву орд дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе машғулиятдошта, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ машврат доир кард.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, раиси шаҳр таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба ғановати бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба таври стихиявӣ ва бе асосҳои иқтисодию сӯистифода кардан аз қобилияти харидории сокинони шаҳр болобарии нарх ба дилхоҳ маҳсулот нигаронида, баҳри дастгирии истеъмолкунандагони пойтахт соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намуда, баҳри пешгирӣ аз болоравии нархи орд дар бозорҳои шаҳр КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ ва директорони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳрро муваззаф сохт, ки интиқолу фурӯши ордро дар бозорҳо таъмин созанд.
Ҳамзамон, муқаррар сохт, ки барои Агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ба воридоту фурӯши яхлухти орд машғулбуда, дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр 28 ҷойҳои савдои орд ташкил карда шавад ва аз 1 октябри соли 2012 на кам аз 300 тонна ҳамарӯза орд бо нархи 150 сомонӣ барои як халта ба фурӯш бароранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста