Дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳафтаи збону адабиёти рус баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи барномаи федералии ҳадафноки «Забони русӣ дар солҳои 2011-2015» аз ҷониби факултаи такмили ихтисоси омӯзгорони забони русии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар ҳамдастӣ бо намояндагии Ҳамкории Русия дар ҶТ созмон дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар давоми ҳафтаи забону адабиёти рус намоишгоҳҳои мултимедиавии нашрияҳо, муаррифиномаҳо, машғулиятҳо тавассути таълими инноватсионӣ ва шомҳои эҷодӣ доир гардиданд.
«Дар вохӯриҳо тамоили рушди методикаи таълими забон русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар шароити имрӯз, воситаҳои ҳавасмандсозии омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ба сифати омили муҳими муоширати байнулмилалӣ ва асоси рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ баррасӣ шуданд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур ҳамчунин намоишгоҳи адабиёти таълимӣ-методӣ ва дарсӣ созмон дода шуд, ки дар он беш аз 150 нашрияи чопиву электронӣ барои омӯзгорон пешкаш гардид. «Дар ин намоишгоҳ луғатҳои электронӣ барои кӯдакон, бозиҳои компютерӣ барои омӯзиши забон, викторинаҳо, китобҳои дарсии электронӣ ва ғайра пешниҳод шуданд», - афзуд сарчашмаи хабар.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд 200 нафар омӯзгорони забони русӣ аз Русия дарс мегӯянд. Онҳо тибқи қарордоди Вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Русия бо назардошти норасоии шадиди кадрҳо дар ин минтақа фиристода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста