Расонаҳо ва созмону ташкилотҳои хабарнигории Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук иқдоми маърифатиеро таҳти унвони «100 рӯз барои озодии Тоҷнет» шурӯъ карданд.
«Мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оғози баргузории иқдоми «100 рӯз барои озодии Тоҷнет»-ро эълом дошта, изҳор менамоем, ки ҷалби таваччуҳи ҷомеа ва ҳукумат ба мушкилоти озодии баён ва иттилоот дар шабакаи Интернет аз ҳадафҳои аслии иқдом мебошад», - зикр мегардад дар изҳороти интишоргардидаи созмондиҳандагони иқдом.
Дар изҳорот баён мегардад, ки ба санаи 8-уми сентябри соли 2012 шумори сомона ва порталҳои интернетии басташуда дар қаламрави Тоҷикистон ба 50 адад расида, ҳарчанд мазмуну муҳтавои чанде аз онҳо ба меъёри қонуну ахлоқ ҷавобгӯ набошад ҳам, ба ҳар ҳол, миёни онҳо хабаргузориҳои иттилоотии миллӣ, аз қабили www.news.tj , www.tojnews.org низ ҳузур доранд.
«Ҳамаи онҳо як мушкил доранд: дастрасӣ ба онҳо ғайриқонунӣ, бидуни қарори додгоҳ ва нодида гирифтани қонунгузорӣ қатъ шудааст», - омадааст дар изҳорот.
Дар идомаи изҳорот аз баррасии созандаи ин мушкилот ва ироаи пешниҳодот оид ба ҳалли муолифат дар фазои иттилоотӣ умедворӣ карда мешавад. «Дар хотир дошта бошед, ки ҳеҷ касе ҷуз худи мо, зиндагиамонро беҳтар карда наметавонад. Нерӯ дар муттаҳидиву ваҳдат аст ва мо ба дастгирии шумо умедворем», - гуфта мешавад дар фарҷоми изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста