Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба муҳоҷирони корӣ дар дарёфти маблағи пулии корашон кӯмак расонид.
Бино ба маълумоти намояндагии мазкур, моҳи октябри соли равон кормандони намояндагӣ дар пардохти қарзи 120 нафар коргарони совхози ҶСК «Кузмичи»-и вилояти Волгоград, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекарданд, ёрӣ расонидаанд.
Бо ҷалби ҳимоягарони соҳибтаҷриба даъвои судӣ барои пардохти қарз аз музди меҳнати ҶСК «Кузмичи» дар назди коргарон ба маблағи 7302000 (ҳафт миллиону сесаду ду ҳазор) рубл қонеъ гардида, айни замон ба коргарон музди меҳнат пардохта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, бо мусоидати намояндагӣ ҳамчунин 15 нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар корхонаҳои сохмонии шаҳри Екатеринбург бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд. «Дар ин корхонаҳо барои муҳоҷирон шароити хуби зист фароҳам оварда шуда, муздли миёнаи меҳнаташон аз 20 то 30 ҳазор рублро ташкил медиҳад», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста