Дар меҳмонхонаи Бофил воқеъ дар Маккаи мукаррамаи Арабистони Саъудӣ ҷаласаи ситоди «Ҳаҷ-2012» доир гардид.
Тавре аз Кумитаи умури дини наздиҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа масоили шароити буду боши зоирини тоҷик дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рафти ҷо ба ҷо намойи ҳоҷиён дар меҳмонхонаҳо, таъмини онҳо бо шароити хуби иқомат ва хизматрасониҳои тиббӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
«Раиси ситоди «Ҳаҷ-2012» Ҷумахон Ғиёсов зимни суханронӣ аз масъулин даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими ҳаҷи имсола тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин аз вазъи ҳоҷиёни дорои бемориҳои гуногун сухан рафта, барои муъолиҷаи саривақтии онҳо аз ҳайати табибон даъват ба амал оварда шуд, ки барои расонидани хизматрасониҳои тиббӣ аз тамоми имкониятҳои дар ихтиёрдошта истифода намоянд.
Ёдрас мекунем, ки зоирини нахустини тоҷик рӯзи 29-уми сентябр тавассути хатсайри ҳавоии ширкати «Тоҷик Эйр» озими зиёрати Хонаи Худо шуданд. Барномаи «Ҳаҷ-2012» 11-уми ноябр бо бозгашти охирин зоирини тоҷик ба ватан ба итмом мерасад.
Соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста