Дар пойтахти Тоҷикистон тахриби яке аз биноҳои қадимтарини шаҳри Душанбе, ки муддати 64 соли ахир дар он мактаби таҳсилоти умумии №8 амал мекард, оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ҷойи он мактаби муосири замонавӣ бунёд гардида, айни замон омӯзгорону толибилмони мактаби мазкур ба бинои мактаби рақами 70-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кӯчонида шудаанд.
Сардори шуъбаи нозироти техникӣ оид ба иншооти соҳаи маорифи Раёсати сохтмони асосии ш.Душанбе Шарифхон Сафаров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки бинои нави мактаб охири соли 2013 ба истифода дода хоҳад шуд. Бинои нави мактаб барои таҳсили 1354 нафар хонандагон пешбинӣ шудааст.
«Аз рӯйи лоиҳа мактаб аз 6 қисмат – як бинои 3-ошёна ва панҷ бинои 4-ошёна иборат аст, ки дорои 64 синф хоҳад буд. Биноҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Ба гунаи мисол,дар 7 синфи компютерӣ 102 компютер насб хоҳад шуд», - иброз дошт вай.
Ш.Самиев ҳамчунин гуфт, дар бинои нави мактаб ду толори варзиш, ошхона бо 190 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои320 нафар ва ҳавзи шиноварӣ (26х11 метр) бунёд хоҳад шуд. «Майдони варзишии мавҷудаи мактаб ба тарзи замонавӣ таҷдид хоҳад гардид», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки бинои пешинаи мактаб солҳои 30-юми қарни гузашта сохта шуда буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бинои мактаб госпитали ҳарбӣ амал мекард. Соли 1948 дар ин бино мактаби таҳсилоти умумӣ ҷойгир шуда, замони шӯравӣ он яке аз мактабҳои бонуфузи ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста