Дар робита ба супориши пурсарусадои имзошуда аз ҷониби муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов, худи номбурда изҳор кард, ки вазорат ба баргузор намудани конфронсу семинар ва тренингҳо бо иштироки донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ муқобил нест.
«Дарҳои Вазорати маориф барои созмонҳои байнулмилалӣ баста нестанд. Баръакс, мо омодаем, ки онҳоро дар доир сохтани чорабиниҳои бевосита марбут ба беҳбуди сатҳи дониши толибилмон дастгирӣ кунем», - иброз дошт вай.
Муовини аввали вазири маориф мегӯяд, мувофиқи қонунгузории кишвар, муаллимонро аз фаъолияти омӯзгорӣ ва донишҷӯёнро аз таҳсил ба корҳои дигар ҷалб кардан манъ буда, донишҷӯ барои 36 соат бидуни сабаб ҳозир набудан дар машғулият аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад ва ахиран маҳз ба иллати иштирок дар чунин чорабиниҳо аксари донишҷӯён ба дарсҳо ҳозир намешаванд.
«Маҳз ба ҳамин хотир ба макотиби олӣ супориш дода шуд, ки баҳри пешгирии иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳо андешида шавад, вале ин маънои онро надорад, ки мо муқобили созмонҳои байнулмилалием. Танҳо онҳоро лозим аст, ки фаъолияти марбут ба донишҷӯёну омӯзгоронро бо Вазорати маорифи мувофиқа созанд», - иброз дошт вай.
Фарҳод Раҳимов гуфт, созмонҳои байнулмилалӣ бояд вазоратро аз чорабиниҳои пешбинишуда огоҳ сохта, рӯйхати донишҷӯёну омӯзгоронро пешкаш ва нафъи ин чорабинӣ барои онҳоро шарҳ бидиҳанд. «Танҳо дар ин ҳолат ба дарс ҳозир нашудани донишҷӯён узрнок шуморида шуда, онҳо аз мактаби олӣ хориҷ карда намешаванд», - зикр кард ӯ.
Ба қавли Ф.Раҳимов, айни замон вазорат дар робита ба ин масъала бо беш аз 30 сомзон тибқи қарордоди хаттӣ ҳамкорӣ мекунад. «Дар вақти беруназдарсӣ донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд дар ҳама гуна чорабиниҳо иштирок кунанд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мақомоти раҳбарии макотиби олиро огаҳ кард, ки баргузории конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо бо иштироки донишҷӯён аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ба қонунгузории ҶТ мухолиф аст. Дар ин робита муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш дод, ки ин масъала таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, баҳри пешгирии ширкати донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешида шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста