Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як мактаб барои 300 нафар толибилмон бунёд кард.
Бинои мактаб дар деҳаи Шӯроободи ҷамоати Телмани ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон дар фурсати кӯтоҳ – 7 моҳ қомат афрохт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар бунёди мактаб ба ҳизб сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҳисоби зодагони ноҳияи Қумсангир дасти ёрӣ дароз намудаанд.
«Мутаасифона, давоми бист сол дар ин минтақа мактаби дигаре вуҷуд надошт ва кӯдакону наврасон бесавод монда буданд, ба истиснои чанд нафаре, ки дар масофаи панҷкилометрии деҳаи ҳамсоя бо мушкилоти зиёд пиёдаву савора барои таҳсил саргардон буданд», - гуфт манбаъ.
Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мактаби навро бо мебел, мизу курсиҳо ва тахтаҳои синфӣ таъмин намуда, чор компютер тақдим кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста