Се нафар зоирини тоҷик дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ қарор доранд.
Тавре роҳбари ҳайати табибони зоирини тоҷик Назир Расулов хабар дод, зодаи ноҳияи Панҷакент Аҳмедова Наргиси 34-сола бо бемории саратони шикам мубтало буда, бо хоҳиши падараш ба зиёрати хонаи худо сафар мекунад. Ва аз сабаби он ки номбурда қаблан ҷарроҳӣ шуда муолиҷаи пурраи баъд аз ҷарроҳиро сипарӣ накардааст, ҳангоми сафар сабаби авҷ гирифтани беморӣ гардидааст. Падараш ҳамроҳи бемор дар яке аз беморхонаҳои воқеъ дар шаҳри Мадинаи мунаввараи Арабистони Саудӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, нафари дигар Ашуров Есанбой, зодаи ноҳияи Панҷакент соли таваллудаш 1940 бо бемории инсулт ва фалаҷшавии даступой бистарӣ гардидааст. Ва бемори дигар Камолова Шарифа соли таваллудаш 1934 сокини ноҳияи Айни деҳаи Каздон мебошад. Ӯ қаблан ба бемории саратони шуш гирифтор буда, ҳамроҳи писараш ба зиёрати хонаи Худо сафар кардааст. Тибқи суханони писараш Тиллоев Оқил: Модарам табобат гирифта худро хуб ҳис мекард, даҳ рӯзи дар шаҳри Мадина будан он қадар худро бад ҳис намекард, вале баъд аз омадан ба шаҳри Макка дигар рӯз то рӯз ҳолаташ вазнинтар шудан гирифт. Ва мумкин аст фардо ё пас фардо ба Ватан баргардонида шавад.
Ва шаш нафари дигари беморон тоату ибодати худро идома дода истодаанд, вале дар зери назорати мунтазами духтурона қарор доранд.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ҳамроҳ бо мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Маккаи мукаррама қарор доранд, аз якояки беморони бистаришуда дидан намуданд.
Соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста