Дар гузориши ЮНЕСКО таҳти унвони «Истифодаи маълумот дар амал» гуфта мешавад, қариб чор миллион нафар шаҳрвандони ҷавони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Аврупои Марказиву Шарқӣ маълумоти ибтидоӣ надошта, аз малакаҳои касбӣ бархӯрдор нестанд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки ин нафарон ба имкони алтернативии азхудкунии малакаҳои заминавӣ барои пайдо кардани ҷойи кор ва даромад ниёз доранд.
«Барои пайдо намудани ҷойи кори шоиста ба ҷавонон малакаҳое заруранд, ки онҳо дар мактаби ибтидоӣ азхуд мекунанд. Ҳалли ин масъала дар ояндаи наздик ба гумон аст. Дар ин минтақаҳо зиёда аз 1 млн. нафар кӯдакон ва 1,5 млн. нафар наврасон аз таҳсил дар мактабҳо канор мондаанд», - омадааст дар гузориш.
Муаллифони гузориш ба кишварҳои ин минтақаҳо тавсия додаанд, ки барои азхудкунии малакаҳои бунёдӣ ба ҷавонон шароит фароҳам оваранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста