Намояндагони собиқ Фронти халқӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз ӯ дархост карданд, ки иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии дар маҳбасҳо қарордоштаро афв намояд. Фарорасии санаи 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олиро онҳо барои ин иқдом мавриди муносиб медонанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод, ӯ рӯйхати ба афв пешниҳодшудагонро бо супориши собиқ яке аз сардорони Фронти халқӣ Иброҳими Исмоил таҳия намуда, ба рӯйхати мазкур 51 нафар шомиланд.
«Маълумот перомуни таҳия гардидани ин рӯйхат барои афви иштирокчиёни даргириҳои солҳои 1992-1997 тобистони соли равон дар яке аз нашрияҳо ба табъ расида, баъди он ба мо худи маҳкумшудагон ва наздикони онҳо занг зада, дар тартиб додани рӯйхат кӯмак расониданд», - иброз дошт Қудратов.
Ба қавли вай, намояндагони собиқ Фронти халқӣ умедворанд, ки ба муносибати ҷашни таърихӣ ва барқарор шудани сулҳу амният дар кишвар ҳукуматдорон иштирокчиёни даргириҳои шаҳрвандиро афв хоҳанд кард. «Гузашта аз ин, аксари онҳо аллакай қисми зиёди муҳлати ҷазоро адо намуда, дар маҳбасхонаҳо ба бемориҳо гирифтор шудаанд», - таъкид дошт адвокат.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли равон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ бо ҳамин гуна муроҷиатнома аз президент дархост намуда буд, ки 161 нафар иштирокчии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик афв карда шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста