Дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева ба шавҳар баромад. Маросими ақди никоҳи ӯ рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мавзуна Чориева дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳамсари ӯ боксчӣ Амон Бобоев аст. «Албатта, ман варширо дӯст медорам, вале оила барои ман муҳимтар аст», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки пас аз дастовард дар Олимпиадаи Лондон мақомоти шаҳрдории пойтахт ба Мавзуна Чориева манзили сеҳуҷрагӣ, ҳукуматдорони Кӯлоб хонаи 5-ҳуҷрагӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон манзили 2-ҳуҷрагӣ тақдим карданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгардухтарро бо ордени «Шараф» ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуд. Ҳукумати вилоятҳои Суғду Хатлон низ Мавзуна Чориеваро бо мукофотпулиҳои гуногун сарфароз гардониданд.
Мавзуна Чориева ваъда дода буд, ки дар Бозиҳои навбатии Олимпиада дар Бразилия соли 2016 барои дастаи Тоҷикистон медали тило ба даст хоҳад овард.
Аммо имрӯз ӯ мегӯяд, ки ба муддати як сол «варзишро тарк мегӯяд», зеро кӯдак ба дунё оварданӣ аст. «Ҳамсараму оилаашон муқобил нестанд, ки ман бо варзиш машғул бошам, вале ман тасмим гирифтам, ки пас аз ба дунё овардани тифл ба варзиш машғул хоҳам шуд ва ин ба омодагии ман халал намерасонад. Агар дар тақдирам гирифтани медали тило сабт шуда бошад, пас ман онро ба даст оварда, оилаам барои ин монеъа эҷод нахоҳад кард», - мегӯяд Мавзуна.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста