Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Воситаҳои пурсамари ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ: нақши Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия» конфронси дурӯза ба кор шурӯъ мекунад.
Чорабинӣ дар доираи Барномаи минтақавии муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия бо ташаббуси ташкилоти СММ Занон, Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии ҳукумати Бритониёи Кабир ва лоиҳаи «Таҳкими имконоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ» баргузор шуда, аз ҷониби Барномаи Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон маблағгузорӣ мегардад.
Конфронс аз ҷониби Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ғайридавлатӣ (ТҒД)-и «Маркази ҳуқуқ инсон» созмон дода мешавад. Ҳадаф аз баргузори конфронс таҳкими ҳамкорӣ миёни Омбудсменҳои минтақаи Осиёи Марказиву Русия ва ТҒД баҳри баланд бардошти масъулияти онҳо дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо ва таҳияи механизми амалии ҳамкорӣ дар ин самт унвон мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста