Вазорати маориф, ки ҳанӯз чанде пештар истироҳат барои толибилмон аз 1 то 8-уми ноябрро ваъда карда буд, имрӯз тасмим гирифт, ки таътили тирамоҳӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла барои хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бекор намояд.
Дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сабаби чунин тасмимро ба зимистони сарди оянда нисбат медиҳанд. Интизорӣ меравад, ки аз ҳисоби таътили тирамоҳӣ таътили зимистона ба муддати як ҳафта дароз карда мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва маълумоти миёнаи Вазорати маорифи ҶТ Абдусамад Муллоев хабар дод, вазорат огоҳ шудааст, зимистони имсола сард хоҳад шуд. «Дар робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки таътили тирамоҳӣ бекор ва таътили зимистона, ки аз 1-уми январ оғоз мегардад, дарозтар карда шавад», - иброз дошт Муллоев.
Номбурда афзуд, аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазорат супориш дода шудааст, ки таътили тирамоҳии толибилмон бекор карда шавад, «вазорат бошад, танҳо мақомоти иҷроия аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста