Имрӯзҳо озмуни анъанавии ҷумҳуриявии «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон – 2012» ҷараён дорад, ки дар он 5 нафар омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ – ғолибони давраҳои интихобии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ширкат меварзанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусамад Муллоев изҳор кард, барои дарёфти ин унвон омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти умумии «1-и шаҳри Душанбе Ноз Одинаева, омӯзгори фанни кимиёи литсейи «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Қобилҷон Тошев, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти умумии №9-и шаҳри Хоруғ Ҷамила Абдураҳмонова, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи литсеи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова ва омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нигора Шарифова қувваозмоӣ доранд.
Ба қавли вай, номи омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2012 рӯзи 3-юми ноябр эълон мегардад. «Омӯзгори беҳтарин бо 3 ҳазор сомонӣ маблағи пуливу диплом ва иштирокчиёни дигари озмун бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.
А.Муллоев мегӯяд, иштирокчиёни озмун ба ҳакамон маводи илмӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии худро пешниҳод намуда, ғайр аз ин, дар ҷараёни озмун ҳар кадоме аз онҳо тибқи барномаи таълим дар синфи ношинос доир ба яке аз мавзуъҳои рӯзмарра машғулият доир месозад. «Дар рӯзи охири озмун омӯзгорон дар муддати 20 дақиқа таҷрибаи касбии худ дар назди ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуда, ба 10 саволи муайянкунандаи сатҳи дониши онҳо дар бораи асноди меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф посух хоҳанд гуфт», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста