Соати 4:15 дақиқаи имрӯз ҳавопаймои аввалин бо ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омад. Дар ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» 182 нафар зойирини тоҷик қарор доштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурдгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар маҷмӯъ аз шаҳри Ҷидда ба Душанбе 29 парвоз бо зойирини тоҷик анҷом дода мешавад. «Мувофиқи нақшаи пешакӣ, парвози охирин аз Ҷидда рӯзи 18-уми ноябр сурат гирифта, тамоми парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» ба иҷро расонида мешаванд», - гуфт ӯ.
Соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, дар миёни 182 ҳоҷиён, ҳашт нафар беморони вазнин ба ватан баргаштанд.
Тибқи иттилои сардухтури ҳайати табибони ситоди ҳаҷ 2012 Расул Назиров, дар таърихи 31 октябри соли 2012 ҳоҷӣ Абдуллоев Ҷ., зодаи ш.Турсунзода, дар натиҷаи хурӯҷи бемории дил аз дунё даргузашт. Бинобар маълумотҳои расида, мавсуф пештар аз касалии дил азият мекашидааст. Маросими ҷанозаи марҳум дар масҷиди Ҳарам бо иштироки намояндаҳои Тоҷикистон ва ҳазорон нафар ҳоҷиёни намозгузор барпо гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста