Шурӯъ аз имрӯз шабакаи телевизиони «Пойтахт» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз намуд. Муассисаи шабакаи мазкур мақомоти шаҳрдории Душанбе аст.
Тавре ба ОИ директори телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор хабар дод, феълан ҳудуди 2 млн. нафар сокинону меҳмонони пойтахт ва манотиқи гирду атрофи он аз тамошои шабакаи телевизиони мазкур бархӯрдоранд. «Дар робита ба пахши шабонарӯзӣ гузаштан, мо ба раиси пойтахт ҷиҳати мусоидат ба афзоиши ҳайати кории шабака то 50 нафари дигар муроҷиат хоҳем кард», - гуфт А.Абдуқаҳҳор ва илова намуд, ки айни замон шумори журналистону кормандони ҳайати техникии шабака 50 нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати аз ҷониби раиси пойтахт рад шудани ин дархост, маъмурияти шабака пайи дарёфти имконот баҳри афзудани шумори кормандон аз ҳисоби реклама хоҳад шуд. «Дар муддати 10 рӯзи наздик телевизиони «Пойтахт» пурра ба пахши рақамӣ гузашта, аз 1-уми январи соли 2013 мо ният дорем, ки ба дастрасиву пахши барномаҳои шабака тавассути алоқаи моҳвораӣ муваффақ гардем», - афзуд директори шабакаи телевизионӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста