Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ иштирок намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин маросим ҳамчунин муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов низ ҳузур доштанд.
Мудири мактаб-интернати мазкур Хотима Касирова қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки ҳанӯз як сол пеш бинои мактаб дар ҳолати харобшавӣ ва садама қарор дошта, акнун он пурра бо таҷҳизоти муосири зарурӣ, техникаи маишӣ ва мебел таъмин карда шуд. «Барои беҳбуди ҷараёни таълим дар ду синф 20 адад компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроектор насб карда шуданд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, синфҳо, тоглори конфронс, манзилҳои зист, ошхона ва толори варзишии мактаб-интернат пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо асбобу лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
Қобили зкир аст, ки бинои мактаб ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, аз соли 1979 дигар таъмир нагардида буд. Азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани мактаб аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва ҶДММ «Ситора трейдинг» амалӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста