Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа мактаби таҳсилоти умумии таълим бо забони русӣ ба истифода дода шуд.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби мазкур раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов изҳор кард, ки мактаб барои таҳсили 420 нафар толибилмон пешбинӣ гардида, бо ибтикору талоши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо сафоратхонаи Кореяи Ҷанубӣ ва созмони байнулмилалии «Наҷоти кӯдакон» бунёд гардидааст.
Барои бунёди мактаб дар маҷмӯъ 1,6 млн. сомонӣ ва барои таъмири роҳ ба самти муассисаи таълимӣ боз 100 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст. ҶДММ «Хатлон Сервис» ҳамчун паймонкори кулли лоиҳаи сохтмон фаъолият намуда, иншоотро пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ғайбулло Афзалов барои дастгирӣ аз сафири Кореяи Ҷанубӣ ва созмони «Наҷоти кӯдакон» изҳори миннатдорӣ намуда, ба мактаб се комплекти техникаи компютерӣ тақдим кард.
Сафири Кореяи Ҷанубӣ Ён Тсон Гу иброз дошт, ки ба туфайли фаъолияти ин мактаб, кӯдакони кореягии муқими шаҳри Қӯрғонтеппа ва кӯдакони намояндагони дигар аққалиятҳои миллӣ ба таҳсил дар мактаби муосир ва омӯзиши дониш дар шароити мусоид имкон пайдо мекунанд.
Муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ Тоҷинисо Маҳмадова ҳайати омӯзгорону толибилмони мактабро табрику таҳният намуда, зикр кард, ки соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 248 мактаби нав мавриди истифода қарор гирифтанд, ки барои таҳсили 43 ҳазору 647 нафар толибилмон пешбинӣ шудаанд. Маблағи умумии хароҷоти сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ 319 млн. 308 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси диаспораи русзабонони вилояти Хатлон Людмила Хоҷаева зикр кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани мактаби таълим бо забони русӣ таваҷҷуҳ ба намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар вилоят аст. «Умедворем, ки чунин таваҷҷуҳ аз ҷониби мақомоти раҳбарии вилоят минбаъд низ зоҳир хоҳад шуд», - гуфт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста