Ахири моҳи ноябр пас аз муолиҷа дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав коргардони маъруфи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов ба Душанбе бармегардад.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардон изҳор кард, ки айни замон вазъи биноии чашмонаш тадриҷан барқарор мешавад. «Табибон ваъда доданд, ки ҳудуди 50%-и биноии чашмони маро барқарор мекунанд, вале баргардонидани биноии чашмонам то ба замони ба садама дучор шудан ғайриимкон аст», - гуфт ӯ.
Қаблан Барзу Абдураззоқов хабар дода буд, ки бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд. Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.
Ёдрас мекунем, ки муолиҷаи Барзу Абдураззоқов дар Маскав бо кӯмаки як тоҷире, ки аз ифшои номаш худдорӣ меварзад, имконпазир гардид. Сипас даҳҳо нафар ба коргардон бо маблағи пулӣ кӯмак расониданд.
Коргардон мегӯяд, пас аз бозгашт ба ватан, ӯ дарҳол ба фаъолият хоҳад пардохт. «Ҳатто ҳангоми муолиҷа низ аслан ман аз фаъолият дар канор намондаам. Ба дӯстону ҳамтоҳоям занг зада, нақшаву тарҳҳои минбаъадаро баррасӣ дорем ва баъди бозгашт ба Душанбе дарҳол рӯйи як қатор лоиҳаҳо корро оғоз хоҳем кард», - афзуд Б.Абдураззоқов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста