Дар мақомоти шаҳрдории Кӯлоб маросими рӯнамои лоиҳаи осоишгоҳи табобативу солимӣ ба маблағи 3 млн. сомонӣ баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, осоишгоҳ дар қаламрави маҳаллаи аҳолинишини Чашмасори ҷамоати Зиракии ноҳияи Қӯлоб қомат афрохта, барои истироҳату табобати 150 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
«То ҳанӯз дар минтақаи Кӯлоб барои сокинон муассисаи истироҳату табобат мавҷуд набуда, аз ин рӯ, аҳолии минтақа аз хизматгузориҳои ба ин монанд муассисаҳо дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ истифода мекунад», - иброз дошт вай.
Ба қавли номбурда, корхонаи коркарди нахи пахтаи ҶДММ «Зарҳам» фармоишгари иншоот буда, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони КВД «Лоиҳакаш»-и Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.
«Дар лоиҳаи шифохона бунёди биноҳои истиқомативу табобатӣ, 4 бинои оилавӣ, маҷмааи истироҳату фароғат, ҳавзи шиноварии болопӯш, толори варзиш ва ошхонаву тарабхона дар назар аст», - афзуд О.Ҳасанов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста