Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якабро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суҳбат аз самараи ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки ҳаҷми умумии кумаки ин созмон дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон танҳо дар 8 соли охир ба зиёда аз 19 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Ба кумакҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, эмкунии фарогири аҳолӣ, таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти ҳифзи модар ва кӯдак, амалиётҳои фаврии хадамоти тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра баҳои баланд дода шуд.
Ҳамзамон густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷорӣ намудани қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил, вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) ва навсозии заминаи технологии соҳаи тандурустӣ дар маҷмӯъ зарур шумурда шуд.
Ҳарду ҷониб ба рушду тавсиаи ҳамкорӣ дар оянда, аз ҷумла дар самти татбиқи амалии Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ва Стратегияи нави миллии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2020 ҳавасмандии худро таъкид намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста