Рӯзи 18-уми ноябр ба майдони ҳавоии Душанбе ҳавопаймои охирин бо зоирини тоҷик фуруд омад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сарфи назар аз соли равон ҷорӣ гардидани чанде аз навовариҳо зимни гусели зоирин ба ҳаҷ, фурудгоҳ муваффақона барномаи «Ҳаҷ-2012»-ро анҷом дод.
Ба қавли ӯ, ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр», ки ба ҳамлу нақли зоирини тоҷик машғул буданд, дар маҷмӯъ бо хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе 29 парвоз анҷом доданд.
Қобили зикр аст имсол ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон пиёда ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор шуданд. Ҳамчунин бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, имсол ҳамчунин дар шаҳрҳои Маккаву Мадина шаҳрвандони тоҷике дар маросими ҳаҷ ҳузур доштаанд, ки бидуни мувофиқа бо кумитаи мазкур ба сафари ҳаҷ рафтаанд, вале шумори дақиқи онҳо маълум набудааст. Соли 2011 шумори зоирини «ғайрирасмӣ» 600 нафарро ташкил дода буд.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста