Дар доираи Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили махзани маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ таҳқиқи меҳнати кӯдакон гузаронида мешавад.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, барнома аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) ва бо супориши ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад.
«Барномаи мазкур 12 моҳ давом мекунад ва гузаронидани тадқиқоти интихобӣ дар хонаводаҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки ин барои гирифтани маълумотҳои боварибахш дар бораи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кӯдакони синни 5-17 сола, давомоти ба мактаб рафтани онҳо, кор дар оила ва берун аз он, дар бораи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон имконият медиҳад», - гуфтанд дар Агентии омор.
Ба иттилои манбаъ, барои муайян намудани интихоб махзани маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 истифода карда шудааст, ҳамчунин он такмил ва дақиқтар карда мешавад. «Барои гузаронидани тадқиқот саволномаи стандартӣ дар бораи меҳнати кӯдакони Созмони Байналмилалии Меҳнат бо мувофиқгардонӣ ба шароити Тоҷикистон истифода мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки пурсиш дар хонаводаҳо аз 29 октябри соли 2012 оғоз гардида то 27 ноябри соли 2012 (30 рӯз) давом мекунад. «Тадқиқот дар худ гузаронидани пурсиш дар хонаводаҳои интихобгардида, ҳам аъзоёни калонсоли хонавода ва ҳам кӯдакони синни 5-17 соларо барои гирифтани маълумотҳои қаблан зикргардида дар бар мегирад», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста