Дар маҳаллаи аҳолинишини Файзободи ҷамоати Даштигули ноҳияи Ҳамадонӣ як коргоҳи нави дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҷамоат Зиннатмо Ҳалимова хабар дод, коргоҳи нав ба туфайли маблағгузории фонди сарвари давлат ба истифода дода шуда, ба сатҳи некӯаҳволӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занон мусоидат менамояд.
Ба қавли вай, айни замон дар коргоҳ 8 нафар занону духтарон ба кор шурӯъ карда, боз 16 нафари дигар пас аз омӯзиши касби дӯзандагӣ бо кор таъмин карда мешаванд. «Қаблан занону духтарон, бахусус наварӯсон сарулибоси худро дар маркази ноҳия ё ҳатто шаҳри Кӯлоб фармоиш медоданд, ки ин барои онҳо мушкилӣ дошт», - гуфт муовини раиси ҷамоат ва илова намуд, ки дар ноҳия ин панҷумин коргоҳи дӯзандагӣ буда, аллакай кормандони он фармоишоти зиёде гирифтаанд.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон бо соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати кушодани коргоҳи қаннодӣ ва дигар истеҳсолоти хурд гуфтушунид идома дорад, то ки занони ҷамоат бо ҷойҳои корӣ таъмин гарданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста