Дар Душанбе зимни баргузории мизи гирд таҳти унвони «ВАО ва ҳуқуқи инсон» масоили ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакон бо истифода аз имконоти ВАО баррасӣ шуданд.
Дар кори мизи гирд намояндагони Вазорати маорифи ҶТ, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои журналистикаи макотиби олӣ ва ҳамчунин кормандони ВАО ва созмонҳои медиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мизи гирд аз ҷониби Иттиҳоди жуурналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.
Зимни ибрози андеша дар чорабинии мазкур директори Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» Сафо Сафаров изҳор кард, ки дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ маводи зиёде оид ба кӯдакон ба нашр расида, дар баъзе мавод бесалоҳиятии муаллифони он дар масъалаҳои ҳуқуқи кӯдакон ба мушоҳида мерасад.
«Ба нашри маълумоти носаҳеҳ роҳ дода шуда, шахсияти кӯдакон дар мухолифат бо қонун инъикос мегардад ва акс ё навори видеоии онҳо пешкаш гардида, дар ҳамин ҳол, принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ риоя намешавад ва рӯзноманигор мавқеи айбдоркунандаро ишғол мекунад, ки метавонад ба тамғазанӣ (стигма) боис гардида, ба ислоҳи минбаъдаи кӯдак монеъа эҷод созад», - иброз дошт С.Сафаров.
Ба қавли ӯ, мушкилоти дигар доимӣ набудани нашри маводи хушсифат дар масъалаи ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи қудакон, норасоии рӯзноманигорони самти инъикоси мушкилоти риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи кӯдакон аст.
Сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Шоев ҳалли масъалаи мазкурро дар роҳандозии барномаи омӯзишӣ оид ба масоили ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакон дар факулта ва шуъбаҳои журналистикаи макотиби олӣ мебинад.
Дар навбати худ, мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов изҳор дошт, ки соли равон дар барномаи таълимии факултаи журналистикаи донишгоҳ фанни алоҳидаи «Ҳуқуқи кӯдакон дар ВАО» ҷорӣ шудааст.
«Айни замон ин фан барои донишҷӯёни курсҳои чорум таълим дода шуда, минбаъд оғози таълими он аз курси дуюм аз эҳтимол дур нест», - гуфт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста