Дар конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони «Мушкилоти матбуоти давраи истиқлолият», ки имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, вазъи журналистикаи муосири тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии донишгоҳ Сангин Гулов хабар дод, дар ҷараёни конфронс олимон ва журналистон атрофи масоили муҳими назарияи журналистика, таҷдиди роҳҳои таълим ва омодасозии кадрҳои ҳирфаӣ, вазифаҳои асосии журналистика, дурнамои рушд ва сатҳи таъсири он ба ҷомеа табодули назар карданд.
Ба қавли Гулов, журналистикаи муосири тоҷик то ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, ҳарчанд ҳамасола факултаи журналистикаи макотиби олии кишварро беш аз 200 нафар рӯзноманигорони ҷавон хатм кунанд ҳам, мушкилоти норасоии журналистони соҳибкасб боқӣ мемонад, зеро сатҳи таълим ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуда, кайҳо зарурати ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми таҳсили журналистика фаро расидааст.
«Ҳарчанд дар факултаи журналистикаи ДМТ ҳанӯз соли 2010 ба маблағи 117 ҳазор доллари ИМА студияҳои таълимии радио ва телевизион таъсис дода шуда бошанд ҳам, омӯзгорон то ҳол аз тарзи истифодаи баъзе навъҳои техникаи муосир огаҳӣ надоранд», - мегӯяд Гулов.
Ба иттилои номбурда, айни замон аз ҷониби донишҷӯён барои шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо танҳо як барнома таҳти унвони «Паёми донишгоҳ» таҳия мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки бо хатми мактаби олӣ донишҷӯён бояд аз тамоми паҳлӯҳои касби худ огоҳии хуб дошта бошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста