Ахири ҳафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз шаҳри саноатии Исфара боздид намуда, зимнан дар маросими ифтитоҳи корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк ва маркази хизматрасонӣ дар мавзеи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд иштирок намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳаракати Исфара», бо ибтикори соҳибкор Инъомҷон Азимҷонов бунёд гашта, бо ба кор даромадани коргоҳи нав ин ҷо 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои корӣ гаштанд.
Коргоҳи дигари коркард ва бастубанди меваи хушк аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Неъматҳои табиати Исфара» таъсис ёфт, ки он барои 15 нафар ҷои корӣ фароҳам овардааст. Ин корхонаи нав бо технологияи муосири истеҳсоли Ҷумҳуриҳои Русия ва Украина таҷҳизонида шуда, асосан бо коркарди чормағзи заминӣ, тухми офтобпараст ва бандубасти вакуумии он тахассус дорад.
Маҷмааи хизматрасонии «Нури Исфара» бо ташаббуси соҳибкор Сулҳиддин Неъматов дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дорои меҳмонхона барои 20 нафар, ошхона ва дигар шароитҳои хуби замонавӣ мебошад. Дар маҷмӯъ дар ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара барои 60 нафар ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста