Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон ба амалисозии лоиҳаи нави «Мутолиаи оилавӣ барои кӯдакон дар Тоҷикистон» ҳусни оғоз бахшид.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оғо Хон дар заминаи таҷрибаи муваффақи чунин лоиҳа, ки аз соли 2010 дар ВМКБ санҷидаву амалӣ мегардад, татбиқ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бунёди Оғо Хон дар ҶТ хабар доданд, лоиҳа дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон (Ҷиликӯл, Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Ёвон, Вахш, Сарбанд, Мӯминобод ва Ховалинг) ва се ноҳияи ВМКБ (Рӯшон Роштқалъа ва Ишкошим) амалӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳа ба ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакони синнусоли томактабӣ ба мутолиаи китобҳои шавқовар, беҳбуди қобилияти хондану навиштан, забондониву саводнокӣ ва фикрронии онҳо мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи таҳсили онҳо дар зинаҳои дигари таълим заминаи боэътимод мегузорад.
Менеҷери Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон Зулобӣ Мамадфозилов дар ин робита изҳор кард, ки тӯли ду соли давраи татбиқи лоиҳа 246 адад китобхонаҳои хурд таъсис дода шуда, ҳудуди 300 номгӯйи китобҳои нав барои кӯдакони синнусоли томактабӣ ба нашр хоҳанд расид. «Дар маҷмӯъ лоиҳа ба наздики 15,7 ҳазор падару модарон дар таълими фарзандон ва 26, 2 ҳазор нафар кӯдакон дар омодагӣ ба таҳсил кӯмак хоҳад расонид», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста