Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини иборат аз 41 нафар донишҷӯёни тоҷик баҳри таҳсил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири бахши барномаҳои байнулмилалии Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусаттор Одинаев хабар дод, боз 38 нафари дигар дар бораи қабул ба макотиби олии Эрон тасдиқномаи расмӣ гирифта, дар фурсати наздиктарин ба Эрон фиристода мешаванд.
«Дар Эрон ҳуҷҷатҳои 79 нафар довталабони тоҷик, ки тибқи барномаи таълими хориҷӣ таҳсил мекунанд, омода гардида, рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда 20 нафар ва нимаи моҳи декабр боз 18 нафар донишҷӯён ба Эрон раҳсипор мегарданд. Ҳар кадоме аз онҳо бо идропулӣ ва хобгоҳ таъмин карда хоҳад шуд», - гуфт Одинаев.
Бино ба маълумоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, айни замон дар макотиби олии Эрон ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни тоҷик расман ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста