Барномаи «Беҳдошти cубот дар Тоҷикистон» (ББСТ)-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) сохтмони мактаби ибтидоиро дар деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт ба итмом расонид.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мактаб иборат аз 4 синфхона буда, ҷойи хонишро барои 200 хонандаи аз синфи 1 то 4 фароҳам оварда, 4 муаллим ва директори мактабро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд.
Дар маросими супоридани мактаб, хонума Макдоналд қайд намуд: «Ягон давлат бе дастгирии ҷавонони бомаърифат қуллаҳои баланди пешравиҳоро фатҳ ва сатҳи қашшоқиро паст накардааст. Аз ҳамин сабаб, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки фарзандонамон соҳиби маълумоти босифат шаванд. Бахусус ин барои духтарон муҳим аст, зеро онҳо на танҳо шаҳрванди фаъол бояд бошанд, балки бояд модарони бомаърифат шаванд, то ки фарзандони босаводро ба камол расонанд.»
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Ашт, ҷаноби Азизов Азимбой, раиси ҷамоати Ошоба, Муминов Абдулҳай, волидон, кӯдакон ва аҳолии маҳал низ иштирок карданд.
ББСТ нисбати таҳкими сулҳу субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон тавассути мусоидат намудан ба идоракунии беҳтар ва ҷалб намудани гурӯҳҳои «таҳти хавф қарор дошта» ва дарканормонда ба раванди фаъолгардонии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. Барномаи мазкур бо аъзоёни ҷомеа ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар 63 ҷамоатҳои деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва қисми ҷанубии вилояти Хатлон фаъолият мекунад.
Барномаи Беҳдошти субот дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ мешавад. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирӣ намудани сохторҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста