Дар арафаи оғози баррасии шикояти кассатсионии парванда дар бораи қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» як қатор созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки даъвои судӣ нисбат ба ташкилотро бозпас гирифта, ба фаъолияти он дар самти дифоъ аз ҳуқуқ монеъа эҷод насозанд.
Cанади мазкур аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии 15 кишвари Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба имзо расидааст.
Дар санад таъкид мегардад, ки чунин амалҳои ҳукуматдорони Тоҷикистон нақзи ӯҳдадориҳои қабулшудаи давлат дар доираи СММ ва САҲА мебошад, ки ба озодии фаъолияти иттиҳодияҳо кафолат медиҳанд. «Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳимояти махсус бархӯрдор буда, набояд аз ҷониби кишварҳои сохти демокративу ҳуқуқӣ мавриди таъқиб қарор гиранд», - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл суд даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғдро қонеъ намуда, фаъолияти минбаъдаи Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро манъ кард. Намояндагони «Ампаро» ин қарорро ғайриқонунӣ ва бепоя хонда, изҳор доштанд, ки фаъолияти худро қатъ карданӣ нестанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста