Тоҷикистону Русия ният доранд, ки то оғози соли оянда Созишномаи нав дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Русияро ба имзо расонанд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, чанде қабл дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки Тоҷикистону Русия зарурати такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар самти будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва роҳандозии фаъолияти қонунии муваққаатии онҳо таъкид шуд.
«Ҷонибҳо то санаи 1 –уми январи соли 2013 таҳия ва имзои Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русияро мувофиқи мақсад донистанд, ки дар он барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони муҳлати ба қайд гузоштан 15 рӯз ва иҷозати кор ба муддати 3 сол пешбинӣ шудааст», - гуфтанд дар Хадамоти муҳоҷират.
Айни замон барои шаҳрвандони тоҷик муҳлати ба қайд гузоштан дар қаламрави Русия 7 рӯз ва иҷозати кор ба муддати 1,5 сол муқаррар шудааст.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар қаламрави Русия қарор доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста