Чанде қабл дар бораи маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» хабарҳо пайдо шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндагони чанде аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбе тариқи СМС-паёмак аз онҳо қатъ кардани дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ» талаб шудааст. Гуфта мешавад, яқинан ин ба он марбут аст, ки пас аз дастнорас шудани шабакаи иҷтимоии Facebook, дар сомонаи радиои «Озодӣ» базудӣ мусоҳибаи кӯтоҳи сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба нашр расид.
Шарҳи Зуҳуров нисбати қатъи дастрасӣ ба шабакаи Facebook, ба пайдоиши миқдори зиёди коллажҳо ва маводи танзомез дар худи ин шабака боис гардид.
Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Бег Зуҳуров хабари қатъи дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ»-ро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки ин кори дасти «ихтиёриён» буда, онҳо аз «фаъолияти як қатор агентиҳои иттилоотӣ алайҳи манфиати Тоҷикистон» изҳори норозигӣ кардаанд.
Дар бораи «ихтиёриён» Б.Зуҳуров чандин маротиба ҳарф мезанад. Ба қавли вай, як гурӯҳе аз ин ихтиёриён маводи шабакаи Интернетро дар робита ба маълумоту бардурӯғу туҳматомез нисбати мансабдорони давлативу соҳибкорони тоҷик таҳти мониторниг қарор додаанд.
Ба эътиқоди ҷаноби Зуҳуров, дар Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандон ҷонибдори қатъ кардани дастрасӣ ба сомонаҳое, аз ҷумла Facebook мебошанд, ки ба манфиатҳои Тоҷикистон мухолифанд.
Ёдрас мекунем, 3-уми майи соли равон Хадамоти алоқа аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет даъват ба амал оварда буд, ки дастрасӣ ба торнамои Facebook ва чанде аз дигар сомонаҳо, аз қабили Zvezda.ru, Tjknews.com ва Maxala.org-ро қатъ карда шавад. Тӯли соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҳамчунин якчанд маротиба дастрасӣ ба сомонаи news.tj (ОИ «Азия-Плюс») низ қатъ гардида, торнамоҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru, оҷонсии «Озодагон», видеохостинги You Tube ва ғайра мавриди ин амали Хадамоти алоқа қарор гирифта буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Шарх3 декабр, 2012 12:54
Аввалаш инчо 1 млн. нафар махз корбарони Интернет гуфта нашудааст. Дуюмаш бошад, ин суханони чаноби Бег Зухуров аст.
Қосимҷон30 ноябр, 2012 18:08
Дар Тоҷикистон магар 1 млн одам интернетро истифода мебаранд ки ҷонибдори махкам кардани шабакаи Фейсбук ва дигар шабакаҳо гашта бошанд.