Кэтлин МакДоналд, директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими тақдим намудани се автомашинаи махсусгардонидашудаи партовғундорӣ ба ҷамоатҳои Исфисор, Зарзамин ва шаҳраки Ғафуров иштирок намуд. USAID лоиҳаи мазкурро тавассути Ташаббуси рушди маҳал маблағгузорӣ намуда ва амалӣ гардонид.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум МакДоналд, ҷаноби Мирхолиқов Содиқ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ғафур Ҳокимов, ёрдамчии раиси вилояти Суғд калидҳои автомашинаҳои навро ба раисони ҷамоатҳо супориданд. Намояндагони расмии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷамоатҳо, шаҳрвандон ва намояндагони лоиҳаи “Ташаббуси рушди маҳалл” USAID низ дар маросими супоридани автомашинаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд иштирок намуданд.
Лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” ба мақомоти маҳаллӣ дар тарҳрезӣ намудани нақшаҳо оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва ташкили корхонаҳои коммуналӣ дар ҷамоатҳои деҳот кӯмак мерасонад. Дар давоми ду соли сипаришуда ҷамоатҳо бо маҳаллаҳо дар расонидани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳо бомуваффақият ҳамкорӣ намуданд. Имрӯз онҳо ба зиёда аз 80 000 нафар аҳолии деҳот хизматрасонии худро расонидаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2009 сар карда лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” иқтидори мақомоти маҳаллиро дар фароҳам овардани хизматрасониҳои сифатноки коммуналӣ ҳангоми ғунучин, интиқол ва нобуд сохтани партовҳои сахти маишӣ дар панҷ навоҳии дигари Тоҷикистон афзуд. Дар ҷамъ, ҳашт минтақа дар доираи лоиҳа соҳиби автомашинаҳои партовғундории нав гаштанд.
Лоиҳаи “Ташаббуси рушди маҳал” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстонаҷиҳати дастгирии сохторҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста