Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 100 нафар имомхатибони масҷидҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машварат барпо шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи умури дини минтақа Шариф Абдулҳамидов хабар дод, дар машварат аз натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои динии минтақа тӯли 20 соли ахир натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Ш.Абдулҳамидов изҳор кард, ки доир ба ин масъалаҳо худӣ ӯ ва сармутахассиси Кумитаи умури дини вилояти Хатлон Маҳмадӣ Муродов маърӯза намуда, чанде аз имомхатибон низ ибрози назар ва пешниҳодоти худро ироа доштанд.
«Дар машварат зикр гардид, ки тӯли 20 соли сипаришуда дар ҳаёти динии мусалмонони кишвар таҳаввулоти назаррас ба вуқӯъ пайваста, агар 20 сол қабл дар минтақа ҳамагӣ 2 масҷид амал мекард, имрӯз шумори онҳо ба 562 адад расидааст», - иброз дошт вай.
Номбурда ҳамчунин гуфт, айни замон фаъолияти муассисаҳои динӣ дар минтақа бомаром идома дошта, чанде қабл дар ноҳияи Ховалинг мадраса ба фаъолият шурӯъ кард. «Барои ифтитоҳи ба ин монанд муассисаи таълимоти динӣ дар шҳри Кӯлоб низ иҷозатнома гирифта шуд», - афзуд Абдулҳамидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста