Дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вақти интиқоли барқ ба аҳолӣ коҳиш дода шуд.
Ба қавли сармуҳандиси муассисаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» Шарифхон Исоев, агар аввали моҳи ноябр истеъмолгарон 9 соат - аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 17 то 23-и шом бо барқ таъмин мешуданд пас имрӯз онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6 соат – аз соати 6 то 7:30-и субҳ ва аз соати 17:30 то 21-и шом бо барқ таъмин мегарданд.
Ба гуфтаи вай, аввали моҳи ноябр ба минтақа шабонарӯзӣ 2 млн. 440 ҳазор кВт/соат ва ба шаҳри Қӯрғонтеппа 567 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ҷудо мегардид. «Феълан мо шабонарӯзӣ 2 млн. 550 ҳазор ва барои шаҳри Қӯрғонтеппа бо 752 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ таъмин мегардем, вале ба иллати сард шудани обуҳаво ҳаҷми истеъмол низ афзуда, мо маҷбурем, ки вақти интиқоли барқро барои аҳолӣ коҳиш диҳем», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, дар минтақа низоми гармидиҳӣ фаъолият надошта, газ ҳам нест ва аз ин рӯ, тамоми вазнинӣ ба дӯши шабакаҳои барқӣ вогузор мешавад. «Агар ин низомҳо кори устувор дошта бошанд, мо вақти интиқоли барқ ба аҳолиро зиёд карда метавонем», -иброз дошт Исоев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста