Дар мактуби расмии нашршудаи ҶСП «Фароз» зикр мегардад, ки Умаралӣ Қувватови имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳи зиёди матбуот қарордошта ба ширкати «Фароз» ва сохтори он ҳеҷ муносибате надорад.
«Ӯ дар сохторҳои ширкат ҳеҷ мансабе надошту имрӯз ҳам надорад ва аз афроди муассисони он маҳсуб намеёбад, - зикр мегардад дар мактуб. – Ҳуҷҷатҳои мавҷуда дар ширкат гувоҳи онанд ва дар онҳо ному насбати Умаралӣ Қувватов зикр нагардидааст».
Дар мактуб гуфта мешавад, тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи ширкат дар Вазорати адлияву Кумитаи андоз мавҷуданд ва зимни шиносӣ бо онҳо метавон ба гуфтаҳои боло боварӣ ҳосил намуд.
Бо вуҷуди ин, худи Умаралӣ Қувватов дар конфронсҳои матбуотии соли гузашта изҳор карда буд, ки мудири кулли ширкати «Фароз» аст, ки ба транзити маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон машғул мебошад. Он замон ӯ аз тарофаҳои трназитии беҳад баланди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳори норозигӣ карда буд.
Бино ба маълумоти islamnews.tj, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста