Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» маъқул шуморида шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба масоили байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, муаллифи лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав Олимҷон Салимзода изҳор кард, ки дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда тамоми эроду мулоҳизаҳо ба инобат гирифта шуда, дар сурати маъқул шуморида шудани он дар ҷаласаи навбатии МН МО ҶТ (12 декабр), он айни замон беҳтарин қонун дар бораи ВАО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Ӯ зикр кард, ки мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, ба дархости журналистон мақомоти давлатӣ акнун муваззафанд, ки дар муддати се рӯз посухи расмӣ пешниҳод намоянд ва ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон барои ин як моҳ муқаррар шудааст.

Вакили парлумон мутмаин аст, ки қабули тағйирот ба қонуни амалкунанда ба баланд шудани сатҳи масъулиятнокии мансабдорон ба дархостҳои ВАО ва маводи интиқодии нашршуда мусодат мекунад.

«Дар варианти ниҳоии лоиҳаи қонун тамоми пешниҳодоту эродҳои аз ҷониби созмонҳои журналистии байнулмилаиву ватанӣ воридгардида ба эътибор гирифта шуданд», - афзуд Салимзода.

Ёдрас мекунем, ки қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ахири соли 1990 қабул шуда буд. Ба қонуни мазкур 8 маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 240 газетаву 124 маҷалла ба қайд гирифта шуда, ғайр аз ин, дар қаламрави кишвар 7 агентиҳои иттилоотӣ ва 44 адад нашрияҳо фаъолият доранд.