Мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти унвони «Волидайни беҳтарини сол» озмун эълон кард.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, озмун ба хотири таҳкими робитаи падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ, ҳавасманд гардонидани волидайни беҳтарин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва ҷалби онҳо ба раванди таълиму тарбияи насли наврас гузаронида мешавад.
«Дар Озмун волидайни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки на камтар аз се нафар фарзандонашон дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок доранд. Озмун дар се марҳила доир гардида, давраи аввал моҳи феврали соли оянда дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ давраи дуюм моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо ва давраи сеюм моҳи апрел дар сатҳи умумишаҳрӣ баргузор мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт ғолиби озмун бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста