Дар 7 маҳаллаи аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб тақсими ройгони тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба занони дорои қитъаи замин оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Абдураззоқ Хоҷамқулов хабар дод,тавассути ҷамоатҳо ба занон асосан тухмии зарурии маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошкаву гандум тақсим карда мешавад.
«Дар чанде аз деҳаҳо, ки қитъаҳои замини инфиродӣ дар масофаҳои дур ҷойгир шудаанд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бобати ба гурӯҳи занон ҷудо намудани заминҳои яклухт ба андозаи 1-2 гектар мувофиқа ҳосил шуд», - гуфт ӯ.
Ба қавли вай, ҷалби занони фаъол ба кор дар замин дар ду ноҳияи дигар – 7 деҳаи ноҳияи Восеъ ва 6 деҳаи ноҳияи Мӯъминобод низ оғоз гардидааст. «Як қисмати муайяни ҳосил ба ҷамоатҳо дода шуда, дар навбати худ онҳо соли оянда гурӯҳҳои дигари занонро ба дастрасӣ ба замину тухмии ройгони хушсифат таъмин мекунанд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки созмони байнулмилалии OXFAM дар доираи барномаи «Рушди иқтисодӣ тавассути амалҳои дастаҷамъона» барои харидани тухмии зироатҳо 40 ҳазор доллари ИМА ҷудо кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста