Рӯзҳои 11-12-уми декабр дар кори мизи гирд дар ноҳияи Рашт масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Чорабиниии мазкур аз ҷониби Академияи улуми кишоварзӣ бо мусоидати ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Дастгирӣ дар таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, созмон дода шуд.
Тавре аз намояндагии созмони мазкур хабар доданд, ҳадаф аз вохӯрӣ баррасии масоили асосии таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ ва ошкор намудани роҳҳои ҳалли онҳо буд.
Раиси ноҳияи Рашт Саидмурод Абдураҳмонов зимни суханронӣ бевосита дар бораи мушкилоти рӯзмарраи минтақаи кӯҳистон, аз ҷумла истифодаи заминҳои лалмӣ, коҳиши истеҳсорли маҳсулоти кишоварзӣ, талафоти маҳсулот бинобар сабаби мавҷуд набудани корхонаи коркард ва бозори фурӯш ва ҳамчунин масоили бозорёбии занбӯрисалапарварӣ ҳарф зад.
Менеҷери лоиҳаи «Дастгирӣ дар таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон» Сангинбой Сангинов изҳор кард, ки ҳудуди 45%-и аҳолии кишвар дар шароити кӯҳистон зиндагӣ дошта, бинобар сабаби болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи осебпазирии онҳо меафзояд.
Мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи кишоварзӣ Ихтиёр Ашӯров зикр намуд, ки сарфи назар аз камбуди тухмии хушсифат, нуриҳои минепралӣ ва воситаҳои ҳифзи кимиёвии рустаниҳо, тибқи маълумоти оморӣ кишвоарзони манотиқи кӯҳистон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар онҷо масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ ҳал шудааст.
«Аммо вазъи воқеӣ ба омор мувофиқат надошта, масъалаи таъмин бо маводи ғизоӣ ва дастрасии он дар манотиқи кӯҳистон мушкил боқӣ мемонад», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста