Донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Наврӯза Алиқулова ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи соли 2012» дониста шуд.
Озмун аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ эълон гардида, дар он 45 нафар донишҷӯёни беҳтарини макотиби олии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе ширкат варзиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури ҷавононони кумита Носир Бӯриев хабар дод, ба донишҷӯёне, ки се зинаи аввалро ишғол намуданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
«Ғолибон аз рӯи якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла донистани забони давлатӣ, сиёсати ҷавонони кишвар ва технологияҳои муосир муайян карда шуда, Наврӯза Алиқулова мақоми аввал ва зинаҳои дуюму сеюмро панҷ нафар иштирокчиёни дигари озмун касб карданд», - гуфт вай.
Номбурда афзуд, озмун аз соли 2006 оғоз гардида, дастгириву ҷалби донишҷӯён ба такмили дониш, саҳми босазо дар ҳаёти ҷомеа ва беҳбуди сатҳи маърифатнокии онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои озмун маҳсуб меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
насим14 декабр, 2012 14:42
кандаша занад духтари додош