Шурӯъ аз оғози сол 213 ҳазору 110 нафар сокинони вилояти Суғд ба хориҷи кишвар сафар карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти муҳоҷирати назди ҳуқумати ҶТ дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова хабар дод, аз шумори умумии шаҳрвандони сафари кишвари хориҷиро ихтиёркарда 179 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 34 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
«Раванди муҳоҷират мунтазам ҷараён дошта, дар ин давра 97 ҳазору 454 нафар сокинони Суғд ба қаламрави вилоят ворид шуданд, ки ҳудуди 79 ҳазор нафарашон мардон ва 18,5 ҳазор нафарашон занон мебошанд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, дар ҳоле, ки сокинон барои дарёфти кор қаламрави вилоятро тарк мекунанд, шаҳрвандони кишварҳои дигар барои кор ба вилояти Суғд меоянд.
«Аз оғози соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 669 нафар шаҳрвандони хориҷӣ соҳиби ҷойи корӣ шуданд, ки миёни онҳо 557 нафар шаҳрвандони Чин, 31 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 10 нафар шаҳрвандони Молдова, 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 7 шаҳрванди Эрон, 9 шаҳрванди Қазоқистон, 4 шаҳрванди Украина, 3 нафарӣ шаҳрвандони Русияву ИМА ва Афғонистон, 2 нафарӣ шаҳрвандони Ҳиндустону Озарбойҷон ва Кореяву Туркия ва 1 нафарӣ шаҳрвандони Австралияву Покистон ва Сурияву Туркманистон ҳузур доранд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста