Сарфи назар аз сардиҳо, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе то ҳанӯз ба таъмини сокинони пойтахт бо гармиву оби гарм оғоз накардааст.
Тавре аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, оғози мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт рӯзи 25-уми декабр ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, мушаххас нест, ки кадом манотиқи пойтахт бо гармиву оби гарм аз марказ таъмин карда мешаванд. Соли гузашта МБГ Душанбе нимаи дуюми моҳи декабр ба фаъолият шурӯъ намуда, қисман танҳо сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии пойтахт бо гармӣ ва оби гарм таъмин карда шуданд.
Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири кишвар дар машварати корӣ оид ба таҷдиди маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе сухан ронда, изҳор намуд, ки барои бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани дегхонаи ғарбии МБГ ҳудуди 32 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки МБГ Душанбе ба оғози фаъолият комилан омода буда, супориши макомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик»-ро интизоранд.
Дар робита ба таъмини МБГ бо сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ, дар корхона изҳор намуда буданд, ки миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъмини марказ дар мавсими тирамоҳу зимистон бо 21 млн. метри мукааб гази табиӣ қарордод ба имзо расидааст.
Дар МБГ таъкид доштанд, ки айни замон дар анборҳои корхона захираҳои сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут 16,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, рӯзҳои наздик боз 5 тоннаи дигар аз ин навъи сӯзишворӣ дастрас мегардад ва дар маҷмӯъ, захира кардани мазут дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта МБГ Душанбе нимаи дуюми моҳи декабр ба фаъолият шурӯъ намуд. То ин замон тайи ду соли ахир корхона ба фаъолияти худ аз 1-уми декабр оғоз бахшида, солҳои аз он қаблӣ бошад, мавсими кори МБГ Душанбе ҳамасола аввали моҳи ноябр оғоз ва аввали моҳи апрел ба итмом мерасид.
Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ТЕЦ) соли 1968 мавриди истифода қарор гирифта, иқтидораш 198 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар корхона ба сифати сӯзишвории асосӣ гази табиӣ ва сӯзишворири эҳтиётӣ мазут истифода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста