Бори нахуст корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар зарфи 11 моҳ ба маблағи беш аз 100 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар ин муддат дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 103 млн. 302,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти гуногуни таъиноти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 10,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Ба қавли ӯ, ин нишондиҳанда ба туфайли соли равон мавриди баҳрбардорӣ қарор гирнифтани 14 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба даст оварда шудааст, ки миёни онҳо метавон аз фаъолияти пурсамари корхонаи коркарди нахи пахтаи «Тилои сафед-Ф» ва барқарор кардани фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли «Кӯлобтекстайлз» пас аз ду соли таваққуф ҳарф зад. «Дар зарфи якчанд моҳ корхонаи коркарди нахи пахтаи «Тилои сафед-Ф» аллакай ба маблағи 9 млн. сомонӣ маҳсулот тайёр кард», - гуфт вай.
Номбурда афзуд, дар моҳи ноябр низ саноатчиёни шаҳру ноҳия ба дастовардҳо ноил гардида, нисбат ба моҳи ноябр дар ҳаҷми 3,5 млн. сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол кардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста