Дар шаҳри Қуния Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Мавлоно ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Дар оғози мулоқот қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Мавлоно доир ба сарфароз гардондани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ қироат карда шуда, шаҳодатномаи ин унвони ифтихорӣ ба ӯ тақдим гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба онҳо барои чунин қадршиносии олӣ арзи сипос карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Т оҷикистону Туркия, аз ҷумла дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ҷаҳду талош мекунад.
Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба нақши таълимоти ҷаҳоншумули Мавлоно дар рушди робитаҳои Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид: “Мавлавии Рум боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо ва умуман тамоми башарият аст. Ва ба яқини комил осори адабӣ ва фалсафию ирфонии ӯ минбаъд ҳам роҳи мову шуморо ба сӯи оянда мунаввар хоҳад кард. Рӯҳи бузурги Мавлавӣ дар ҳамбастагӣ бо пайвандҳои таърихии мардумони Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои хайрхоҳона ва созандаи кишварҳои моро низ шодоб менамояд”.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста