Дар гузориши дуюм оид ба фаъолияти экологии коршиносони Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ чунин хулоса мешавад, ки дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳамчунин мушкилоти истифодаву безараргардонии партовҳо аз ҷумлаи мушкилоти умдаи Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки сарфи назар аз захоири фаровони обӣ, танҳо сеяки аҳолии Тоҷикистон ба истифодаи оби хлоршуда тавассути қубурҳо (водопровод) имкон доранд ва ҳамагӣ 5%-и шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар манзилҳои дорои низоми обу корез зиндагӣ мекунанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, мушкилоти таъминоти об тавъам бо таъмини номунтазами барқ бештар душвортар мегардад. Дар робита ба партовҳо зикр мегардад, ки ҷамъоварии партовҳои дурушт танҳо дар шаҳрҳо анҷом дода мешавад, ки дар онҳо 26%-и аҳолии кишвар иқомат дорад, аммо ҳатто ягона партовгоҳи шаҳри Душанбе ба меъёру талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест.
Дар идома баён мегардад, ки партовгоҳҳои маҳсулоти саноати истихроҷи кӯҳӣ ба солимии аҳолӣ таҳдид эҷод месозанд. Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 54,8 млн. тонна партовҳои истихроҷи уран то ҳанӯз дар анборҳо ва партовгоҳҳои номусоид ва хатарнок нигоҳдорӣ мешаванд.
Муаллифони гузориш як қатор иқдомоти мусбат дар бахши қонунгузориро зикр намуда, дар соҳаҳои ҳифзи табиат, идоракунии захоири обӣ ва партовҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ 47 тавсия пешниҳод кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста