Имрӯз тибқи Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Хаддамоти муҳоҷират хабар доданд, дар чорабинии мазкур Муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират С.Абдулло аз номи роҳбарияти Хадамот тамоми кормандони ХМ ва муҳоҷиронро бахшида ба ин санаи муҳим (18-уми декабр соли 2012) яъне Рӯзи байнамилаии муҳоҷирон табрику шодбош гуфта, суханро ба сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ Абдуллоҳи Қодирӣ дод.
Мавсуф дар бораи таҷлили ин сана ва гиромидошти Рӯзи байнамилаии муҳоҷирон, аҳамияти ин рӯз дар ҷаҳони муосир ва самтҳои фаъолияти ХМ дар тӯли якуним сол, ваколатҳои ХМ ва нақша-чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират сӯҳбат намуд.
Ў қайд намуд, ки ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар он аст, ки тайи солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё сол то сол меафзояд.
Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳалли саривақтии худро талаб менамояд. Зеро ҳар сол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 700 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мегарданд ва онҳо нигарони он ҳастанд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар идомаи ин нишаст сардори Шӯъбаи робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ Неъматов Хушқадам доир ба теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон ва мавқеи муҳоҷирон дар ҷаҳони муосир маърӯза намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста